Бози тири мижа бар ҷон балокаш зад ва рафт
Ҳамчу барқ омад ва дар хирманам оташ зад ва рафт
Бози сар дар паии девона саворӣ дорам
Ки раҳи қофилаи ақл , парӣ вааш зад ва рафт
Додхоҳонаи давидам ки анонаши гирам
Дар итоб омаду маҳмиз бар абраш зад ва рафт
Зулф ӯ бо ҳама ошуфтагӣ омад ба дилам
Таънаи тафриқа бар ҷон мушавваш зад ва рафт
Майлӣ омад ба худ аз мастии шаб , вақти сабӯҳ
Бори дигари ду се ҷом май беғаш зад ва рафт