Гӯям чу ҳоли худ ба ту , тағйир ҳол чист
Аз ман ки ошнои туам инфеъол чист
Аз бас ки шавқ гуфт ва шунидаст бо туам
Пурсами ҷавоб , агарчӣ надонам суол чист
То афканди ҳасуди маро аз хаёли ёр
Гуяд замони замон ки туро дар хаёл чист
Гар ошнои ту ба ағёр гарм нест
Чун ҳарфи ошнои шинавӣ , инфеъол чист
Майлии гузашти ёри зи ман масту саргарон
Ҳолам хароб дид ва напурсед ҳол чист