Туро бо каси ҳавоӣ ҳамдамӣ нест

Париро улфатӣ бо одамӣ нест

Дило саргарм бош аз соғари ғам

Ки мастӣ дар шароб беғамӣ нест

Магар эъҷоз дорад соғари ишқ

Ки аз дарёи кашон майро камӣ нест

Магӯ эй дили ғами худ бо хаёлаш

Ки бар каси эътимод муҳаррамӣ нест

Гулӣ каз турбат майлӣ занад сар

Дарав чун ғунчаи дил , хуррамӣ нест