Гузашти даври гулу ёри сӯй боғ нарафт

Ки офтоб ба назора чароғ нарафт

зи буии нофаи чин , ҳамчуи доғи лолаи маро

Хаёли кокули навруста аз димоғ нарафт

Бибин ниҳояти дилбастагӣ ки хӯни маро

Ба ранги барги гул аз домани ту доғ нарафт

Ба рӯзи воқеа дар дашти ғами сияҳи пӯшӣ

Ба нола бар сари маҷнӯн ба ғайр доғ нарафт

Чу дид мурғи чаманро ба сӯии гули нигарон

Дигар зи ғайрати хӯбӣ ба гашт роғ нарафт

Дигар ба базм рақибон нарафта , ё зи фиреб

Маро чу бар сар раҳ дид , бесуроғ нарафт ?

Ҳазор шукр ки то майлӣ аз фироқ намурда

Ба рағми булҳавасон аз пай фироқ нарафт