Ҳаёгар зи ошиқ ба ғоят хуш аст

Вале аз батон бениҳоят хуш аст

Дило ҳар дам аз ёр , баҳри фиреб

Ба пеши рақибони шикоят хуш аст

Чунон хуи гирифтем бо нохушӣ

Ки дилдори мо беаноят хуш аст

Туро бо ман бе забони пеши ғайр

Ба чашм ва ба абрӯи ҳикоят хуш аст

Биҷузи қиссаи ишқ , майлӣ магӯӣ

Ки дар ошиқӣҳо ривоят хуш аст