Чу ёр аз ман рамед , ороми ҷони ман ки хоҳад шуд ?

Чу ӯ номеҳрбон шуд , меҳрбони ман ки хоҳад шуд ?

Чу ман аз нокасе бадхоҳро ҳам рафтам аз хотир

Ба таънаи мунфаили сози касони ман ки хоҳад шуд ?

Маро бе тоқатии нохонда чун орад ба базми ту

Паии рафъи хиҷолати ҳамзабони ман ки хоҳад шуд ?

зи мастӣ дар тавозуъ омаду зи андеша май сӯзам

Ки домангири ошиқи меҳрбони ман ки хоҳад шуд ?

Гумон дорам ки хоҳад шуд шаҳиди глрхони майлӣ

намедонам яқини сози гумони ман ки хоҳад шуд ?