Ва гуфтаанд ки падари шайхи мо султони Маҳмӯдро азим дӯст доштӣ ва ӯ дар меҳанаи сарое банно кард кӣ акнӯн маърӯфаст ба сарои шайх ва бар девори он баннои номи султону зикри хадаму ҳашаму пелон ӯу мрокб нақш кард . Ва шайхи кӯдак буд , падарро гуфт маро дар ин сарои як дар хона банно кун чунонк он хонаи хоссаи ман буд . Падари шайх ӯро хонае банно кард дар болоءи он сарой ки савмиъаи шайх онаст . Чун хонаи тамоми гашт ва дар гул мегирифтанд , шайх бифармуд то бар девору сақфи он хона ҷумла бинвиштанд кӣ аллоҳи аллоҳи аллоҳ . Падараш гуфт эй писар ин чист ? шайх гуфт ҳар кас бар девори хонаи хеши номи амир хеш нависад . Падарашро вақт хуш шуд ва бифармуд кӣ ҳарч ба девори он сарой навишта буданд давр карданд ва аз он соъати боз дар шайх ба чашмӣ дигар нагиристу дил бар кори шайхи ниҳод .