Дорам эй дӯсти зи бедоди ту фарёди басӣ
Чаҳ кунам чун набӯд додгари додрасӣ
Бахт ошуфта нахуфтааст ки гардад бедор
Мурда ҳаргиз нашавад зинда ба бонги ҷарасӣ
Табъ , афсурдау дили мурдау тани озурда
Бор ?илҳо бирасонам ба мсиҳонФсӣ
эй ба бозичаи зи иқлӣми ҳақиқат шудаи давр
Ҷаҳд кун то ки ба мардон тариқат барисӣ
Мурғи гулзори биҳиштии ту , бизан болу парӣ
То ба кӣ шефтаи донау обу қафасӣ
Тӯтии олами асрорӣу ширини гуфтор
Ҳайф бошад ки ту бо зоғу зағани ҳам нафасӣ
То ба кӣ сар ба гиребони табиати дорӣ
Чанд дар доманаи доми ҳавоу ҳавасӣ
МФтқри сояи султони ҳуморо баталаб
Варна дар марҳалаи ишқ кам аз хармагасӣ