Он кист ки бастаи банд ту нест

ё онкии асири каманд ту нест

Он дил на диласт ки аз хомӣ

Дар оташи ишқ , сапанд ту нест

Аз роҳ саодат гумроҳаст

Онкас ки иродатманд ту нест

Луқмон ки ҳазоронаш панд аст

Ҷузи бандаи ҳикмату панд ту нест

Фарҳоди туро эй ширин , лаб

Хуштар зи шукру қанд ту нест

Кӯтаҳ назарему мадеҳаи мо

Зебандаи сарви баланд ту нест

Ҳар чанд дар ифшоанд табъам

Лекини чаканам ки писанд ту нест

эй мФтқри ӣнҷои рФрФи ақл

Лангасту маҷоли саманд ту нест