Аз рақибони ту то чанд ман андеша кунам
Бехи андешаи бадро чаҳ хуш аз реша кунам
Пеш бинӣ кунад аз марҳалаи ишқами давр
Шеваи риндӣу мастии пас аз ин пеша кунам
Бешаи шери ҳаворо бизанам оташи ишқ
То кӣ аз кам хурдии бимӣ аз ин беша кунам
Решаи тафриқаро бар кунам аз ин дили риш
То ки дар гулшани тавҳиди магар реша кунам
Аз раҳи сидқу сафои роҳи вафои гирами пеш
То ба кӣ пайравии халқи ҷафо пеша кунам
МФтқр сина занад ҷӯши зи савдоӣ нигор
Чораи дарди дили хеш аз ин шиша кунам