Доми раҳи халқӣ шуда , бандӣ ки ту дорӣ
Афтодаи ҳамаи кас , ба камандӣ ки ту дорӣ
эй зулфи гиреҳи гир , раҳои зтўи мо ро
Мушкил шуда аз ҳалқау бандӣ ки ту дорӣ
Болои хуши сарв , бар афрӯхтаи қомат
Пастаст бар қади баландӣ ки ту дорӣ
Нӯшин дҳно , бо ҳамаи ширинии шукр
Талхаст бар лаъл чу қандӣ ки ту дорӣ
Миҷмари сифат афрӯхта дорам ҳама ӣ умр
Дил аз паии хол чу сапандӣ ки ту дорӣ
Ҳаргиз набӯд табъи туро майл ба ёрон
Оҳ аз дили ағёри писандӣ ки ту дорӣ
Озодаи дили онон ки асиранд , ҳамаи умр
Дар банди дили овези камандӣ ки ту дорӣ
эй ишқи ҷонсӯз , зосоишу роҳат
Хуштар буд осебу газандӣ ки ту дорӣ
Дилбастагӣат бо қади ҷонона « мҳито »
Пайдост азин табъи баландӣ ки ту дорӣ