Чун корҳо мувофиқ тақдир ме шавад
Аблаҳ касе ки ғарра ба тадбир ме шавад
Дар ҳар замон ҳар он чаҳ муқаддар шуда шавад
Тақдими неи зи саъй ва на таъхир ме шавад
Соқӣ шитоб кун ки збс умр тундраваст
Ҳарчанд бодаи зуди диҳӣ , дайр ме шавад
Зоҳўии чашми ширдилонро кунад шикор
Чун тарки шӯхи ман сӯй нахҷӣр ме шавад
Чун ҳалқаҳои зулфи зи ҳам боз ме кунад
Ҳар ҳалқаи тавқи гардани сад шер ме шавад
Гар абрӯят гирифт диламро шигифт нест
Тасхир ҳар диёр , ба шамшер ме шавад
Танҳо на ман ба кӯии ту аз по даромадам
ӣнҷо чаҳ хок , боди замин гир ме шавад
Ранҷӣ ки бар ман аз ғам даврон расед агар
Бар Тифл ширхора расад , пер ме шавад
Ҳаркас шавад зи ҳодисаи умр бо хабар
Чун ман зи зиндагонии худ сайр ме шавад
Бе толеъами чунон ки ба як тори мӯ , гарм
Банданд , тори мӯӣ чу нарафта , гулӯ гир ме шавад
Парҳез кун зи луқмаи дунони танги чашм
Каз лаб фурӯ нарафта , гаулӯгир ме шавад
Донои барад ба сидқу сафо , корро , зи пеш
Нодон дар ин гумон ки ба тадбир ме шавад
Имрӯз дар тамомии рай , ман куфри манам
Гар кеши ишқи мӯҷиб такфир ме шавад
Гар аз вале ҳақ бирасад , мӯрро мадад
Он мӯри рӯзи маърака чун шер ме шавад
Султони авлиёъи шаҳи мардон ки амр ӯ
Ҷорӣ ба коинот , чу тақдир ме шавад
Гар бингарад ба ҷониби хоки сияҳи зи лутф
Хоки сиёҳи ғайрат эксир ме шавад
Бар дафтари гунаҳи хат бутлон кашад « муҳӣт »
Мадҳи шаҳаш ба нома чаҳ таҳрир ме шавад