Афкандаи мӯии ёрам , баси уқдаҳо ба корам
Ошуфтатар зи ҳолам , гардӣда рӯзгорам
Ҳарчанд пори ҳам буд , девонагии шиорам
Имсоли шӯри мастӣ , афзӯн буд зпорм
Мастам вале на аз май , сармасти лаъли ёрам
Бошад мудоми мастӣ , зони роҳи пари хуморам
Бахшида бениёзӣ , аз халқ , кирдигорам
Аз давлати қаноат , султони рӯзгорам
Мавлои алкроми содиқ , хоҷаи бузургворам
Мадҳи Муҳамаду ол , бошад « муҳӣт » корам