эй ёди ту мӯниси дили ман
Рухсори ту шамъи маҳфили ман
Фирдавс , намекунам таманно
То кӯй ту ҳаст манзили ман
Шодам ки ғами ту эй дили ором
Ху карда мудом , бо дили ман
Девона ӣ ишқам ва набошад
Ҷузи турра ӣ ту слосли ман
Меҳрам ба ту тозагӣ набошад
эй дилбари неки мқбли ман
Гар ишқи ту эй санам наварзам
Бошад чаҳ ба даҳр , ҳосили ман
Дерӣаст чу рӯҳ , дар тан эй дӯст
Меҳри ту сарришта бо гули ман
Ҳоҷат ба чароғ нест кофӣ аст
Рухсори ту шамъи маҳфили ман
Хуршеди з зарра ҳаст камтар
Бошад чу рахти муқобили ман
Мушкил шудаи зиндагӣ ба ҳиҷрон
Ҳал кун зи висоли мушкили ман