Ин манам каз исмати дил дар дилат ҷо карда ам
Ин манам каз ишқи поки ин рутба пайдо карда ам
Ин манам каз покбозии чашми ҳиҷрони дида ро
Қобили назораи он рӯй зебо карда ам
Ин манам каз айни қудрати дидаи ағёр ро
Бенасиб аз тўтёии хоки он по карда ам
Ин манам каз сайқали ойинаи сидқу сафо
Дар рахти осори меҳри худ ҳувайдо карда ам
Ин манам каз роздории гӯш ҳарф андӯз ро
Махзани асрори он лаъл шкрхо карда ам
Ин манам каз пурсишат бо сиҳҳату умри абад
Ноз бар Хизру тағофул бар масеҳо карда ам
Ин манам кандар ҳузури муддаӣ чун муҳташам
Ҳарчӣ табъам карда хоҳиш бемуҳобо карда ам