Дилами озод аз домаш намегардад чаҳ домаст ин
Забонами кӯтаҳ аз номаш намегардад чаҳ номаст ин
Гар ояд рӯзи равшан вар равад давр аз руху зулфаш
На ман ёбам ки субҳаст он на дил донад ки шомаст ин
Ба комами рӯзу шаб дар ошиқӣ аммо ба ком ки
Ба коми он ки ҷон меёбад аз маргам чаҳ комаст ин
Ту гарми айш бо ғайру маро ҳар лаҳза дар хотир
Ки май сӯзади дилат бар ман чаҳ савдоҳои хомаст ин
Якеро сохтӣ муҳаррами якеро киштӣ аз ҳурмон
Фаромӯши кор ман бингар кадомаст он кадомаст ин
Бихӯр хӯнам чу обу ғайр ,гар обат диҳад мисатон
Ки пеши нек ва бддонон ҳалоласт он ҳаромаст ин
зи ҳолоти дигаргуни муҳташам май резад аз калакат
Гуҳии обу гуҳии оташ чаҳ тартиб каломаст ин