Чун нест дилат бо ман аз васли ту ҳиҷрон ба
Ин лутфи забонии ҳам махсӯси рақибон ба
Чун лутфи ниҳон ту пайдост ки бо ғайр аст
Меҳрӣ ки маро бо ту пайдо шудаи пинҳон ба
Ағёр чу бисёранд дар кӯии ту покўбон
Бунёди висоли мо зини зилзилаи вайрон ба
Ушшоқ чаҳ ғаввосанд дар баҳри висоли ту
Киштии ман аз ҳиҷрон дар вартаи тӯфон ба
Чун оина рӯят дорад хатар аз ашкам
Чашмӣ ки буд бенам бар рӯй ту ҳайрон ба
Чун ман з миён рафтам доман бикаш аз ёрон
Дар ҳашар ?герат бошад як даст ба домон ба
Имшаб ки ҳам овозанд бо ғайри сегон ту
Гар муҳташам аз ғайрат камтар кунад афғон ба