Фиғон ки ҳамсафар ғайр шуд ҳабиб ва бирафт

Маро гузошт дарин мамлакати ғариб ва бирафт

Чу гуфтамаш ки насибам дигар зи лаъл ту нест

Гушӯд лаб ба табассум ки ё насиб ва бирафт

Чу гуфтамаш ки дигар фикри ман чаҳ хоҳад буд

Ба ханда гуфт ки фикри рухи ҳабиб ва бирафт

Чу гуфтамаш ки маро кӣ з завқ хоҳад кишт

Навид омаданат гуфт анқариб ва бирафт

Рақиби хост ки аз пои дарорадам ӯ низ

Марои нишонд ба коми дили рақиб ва бирафт

Нишаст бртнм аз тоби таби арақи чандон

Ки дасти шасти зи дармони ман табиб ва бирафт

зи дасти муҳташами он гул кашад домани васл

Гузошт хории ҳиҷрон ба андалеб ва бирафт