Умрҳо фикри висоли ту абас буд абас

Ишқи бозӣ ба хаёли ту абас буд абас

Солҳо қатра задани мӯри заъифӣ чу маро

Дар паии донаи холи ту абас буд абас

Аз ту ҳаргиз чу сарафроз ба сангӣ нашудем

Мива ҷустани зи ниҳоли ту абас буд абас

Бе лабати ташна чу мардем шкибоӣии мо

Дар таманнои зулоли ту абас буд абас

Пари бротш задани мурғи дили мо зи вафо

Бар сари шамъи ҷамоли ту абас буд абас

Ба ҷавобии ҳам азу чун нараседӣ эй дил

Зон ғалати бахши суоли ту абас буд абас

Муҳташами фикри ман андари талаб ӯ ҳамаи умр

Чун хаёлоти маҳоли ту абас буд абас