Чу туро ба қасди ҷавлони сам бодпо биҷунбад
Лаби санги хора шояд ки пай дуо биҷунбад
Чу ба маҳшари андари оӣии ду ҷаҳон биноз кушта
Аҷаб ар ба дасти фармони қалам ҷазо биҷунбад
Чаҳ хуҷастаи ҷилва гоҳе ки ба азми рақси онҷо
Қадам оварад ба ҷунбиш ки замини з ҷо биҷунбад
Фиканд насими ишқат ба ҷаҳони қудс агар раҳ
зи ҳаваси муназзаҳи онро ба дили ин ҳаво биҷунбад
Диҳад он замони ҳавасро раги завқи ман ба ҷунбиш
Ки рикоби азми он маи паии қатл мо биҷунбад
Сухан аз раҳи ду дида ба ҳарими дили нҳдрў
Ба ишораи абрӯӣ ӯ чу зи гӯша ҳо биҷунбад
Ҳамаи хусравони маънӣ илм афкананд гоҳе
Ки хаёли муҳташамро қалам ливо биҷунбад