Марои хаёли ту шабҳо ба хоб нагузорад
Чу тан ба хоби даҳум изтироб нагузорад
Хаёли орзўӣӣ май пазам ки май тарсам
Агар ту ҳам бигзорӣ ҳиҷоб нагузорад
Ба тарафи ҷӯй агар бигузарӣ ба ин ҳаракот
Хиромаши ту таҳаррук дар об нагузорад
Ту гарми қатли аҷали норасидае ки шӯй
Фалак ба сояаш аз офтоб нагузорад
Ба ман касе шудаи хасм эй аҷал ки дар корам
Аннан ба дасти ту сангин рикоб нагузорад
зи нози бастаи лаб аммо ба ғамзаи фармӯда
Ки як суоли маро беҷавоб нагузорад
Ҳазор ҷуръа диҳад ишвааш ба булҳавасон
Чу давр муҳташам ояд итоб нагузорад