Зулфаши маро ба кӯшиш худ мекашад ба банд

Гесу ба пушти гармии он гардани баланд

Шамшери қотеъ аҷаласт олати наҷот

Онҷо ки гардани дили ман монда дар каманд

Сад ихтироъ мекунад аз ҷилваҳои хос

Қади баландаш аз ҳаракат кардани саманд

Аз изтироби дарди ту бар бистари ҳалок

Афтодаам чунон ки дар оташ фитад сапанд

Ман носабуру табъи ту бисёр дайри инс

Ман нотавону ишқи ту бисёр зўрдмнд

Қоруни ним ки аз ту тавонам хариди бӯс

Дашномро ки кардае арзон бигӯ ба чанд