Ҳамнишин имшаб агар он бут чунин хоҳад буд
Кунҷи вайронаи мо шоҳ нишин хоҳад буд
Зуҳра дар маҷлиси мо саҷдаи з ма хоҳад хост
Мейри маҷлис агар он Зуҳра ҷабин хоҳад буд
Оташ аз ғайрати ин хона ба худ хоҳад зад
Ҳар парии хона ки дар рӯй замин хоҳад буд
эй ки огаҳ нае аз омадан он бути маст
Соъатӣ бош ки суҳбат ба азин хоҳад буд
Пеши он бут ки саропардаи ҷон манзил ӯст
Камтарини пешкаши мо дил ва дайн хоҳад буд
Аз биҳиштии сифатии ғамкадаи мо имшаб
Бо саропардаи фирдавс қарин хоҳад буд
Муҳташами маҳфили мо имшаб аз он ғайрати ҳур
Ман баронам ки ба аз хулд барин хоҳад буд