Охир эй бе раҳми ҳоли нотавон худ бипурс

Ҳарфи маҳрӯмони хеш аз муҳаррамон худ бипурс

Номи дурафтодагонгар рафта аз хотири ту низ

Аз фаромӯшон беному нишон худ бипурс

Чун табиб шаҳр гуяд ҳарфи беморони ишқ

Гар тавон ҳарфии зи дарди нотавон худ бипурс

Ман намегӯям бипурс аз дигарон аҳволи ман

Аз дил бе эътиқоди бадгумон худ бипурс

Шарҳи он зорӣ ки ман бар остонат ме кунам

Аз касе дигар мапурс аз посбон худ бипурс

ё мапурс аҳволи ман ҷоӣикаҳ бошад муддаӣ

ё ба тағйири забон аз ҳам забон худ бипурс

Муҳташам бар остонат аз сегӣ худ кам набӯд

Ҳолаши охир аз сегон остон худ бипурс