Ба азми рақс чун дар ҷунбиш ояд нахли болояш

Намонад зиндаи ғайр аз нахли банди нахли болояш

Аҷаб айбӣаст ғофил бӯдан аз оғози рақс ӯ

Ба тахсӣс аз нахустин ҷунбиши шамшоди болояш

Бимирами пеши тамкини қади нозуки хиром ӯ

Ки дар ҷунбиш ба ғайр аз соя ӯ нест ҳамтояш

Барандозади зи дили бунёди ороми он сеӣ боло

Чу андозад ҳавои рақси ҷунбиш дар сару поиш

Ба таклиф омад андари рақс аммо фитна кард он гуҳ

Ки майли табъ бетаклиф мешуд дар тамошояш

Фишонам бар кадомин ҷилвааш ҷонро ки пиндорӣ

Дигаргун ҷилва пардозӣаст ҳар узвии зи аъзояш

Ба рақс оянд дар занҷири зулфаши муҳташами дилҳо

Чу боди ҷилва беҳад дар сари зулфи самани соиш