Дорам аз табъи ситами хези ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Вази итоби шаафомез ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

намекунам бо нафасомез нигаҳҳои аҷаб

Аз нигоҳи ғазабомез ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Он ки ваии ҷуръаи каши базми ту буд имшаб дошт

Пеши ағёр ба парҳези ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Ним бсмл шудаи теғи тағофули имрӯз

намекунад аз нигаҳи тези ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Дил ки аз шавқи калом ту кабобаст кабоб

Дорад аз лаъли намаки рези ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Вақти тағйири изорат ки шуд озурдаи рақиб

Кардам аз сабзаи нўхизи ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз

Муҳташамро ки ба як мӯии дили овехта Эй

Дорад аз мӯии диловези ту ҳаззӣ ва чаҳ ҳазз