Сарвӣ аз язд гузар кард ба кошонаи мо

Ки азу чун Ирам ороста шуд хонаи мо

Бо дилии гарм нишот омад ва аз ҳарфи нахуст

Гашти афсурдаи дил аз сардии афсонаи мо

Фитнаро силсила ҷунбон нашуд он зулф ки ҳеҷ

Эътиборӣ нагирифт аз дили девонаи мо

Ба шароби лабаш олӯда нигарадед ки дид

Пари зи хуноби ҷигари соғару паймонаи мо

Мурғи табъаш тайрон дошт чу бар авҷи ғурур

Пеш ӯ буд абаси рехтани донаи мо

Гирд таклиф нагаштам аз он рӯ ки набӯд

Лоиқи Подшаҳии базми гдоёнаҳи мо

Муҳташами чархи гадоӣ дар мо гаштӣ агар

Шудӣ он ганҷи равони сокини вайронаи мо