Муждае сабр ки шуд ҳиҷрати ҳиҷрони наздик
Юсуфи Мисри вафои гашт ба канъони наздик
Ғами ғамин аз хабари фурқат даврӣ шуду гашт
Даврии фурқату маҳрӯмии ҳурмони наздик
Гашти сарриштаи баъди ман аз он дар кӯтоҳ
Шуд раҳи мӯр ба даргоҳи сулаймони наздик
Кард исои зи фалаки марҳала чанд нузул
Дарди ин хок нишин гашт ба дармони наздик
Буи хайр ояд азин вазъ ки як мартаба шуд
Кӯии дарвеш ба нузҳати гуҳи султони наздик
Қурби он сарви самани перҳан аз шавқи маро
Чоки пероҳани ҷони сохт ба ҷонони наздик
Муҳташам гарчи нашуд қатъи раҳи ҳиҷри тамом
Ҳолиё роҳи талаби гашт ба ҷонони наздик