Чун матоъи ду ҷаҳонро ба хирад санҷидам
Аз ҳамаи ҳасани туу ишқи худ афзӯн дидам
Дар қадаҳ шуд чу май ишқи фалак ҳайрон монад
Зон далерӣ ки ман аз ратл гарон нӯшедам
Пой дар малики муҳаббат чу ниҳодами аввал
Аз ҷунуни роҳи сари кӯии балои пурсидам
Ақл дар ишқи ту ангушти маломат бар ман
Он қадар дошт ки ангушт намо гардидам
Ҷуръатам кард чу дар боғи таматтуъи густох
Аввал аз шохи таманнои гули ҳурмони чидам
Назари пок чу дар хилвати васлам раҳ дод
Ҳарчӣ омад ба назари дида аз он пӯшедам
Муҳташам нест зиён дар сухани муршиди ишқ
Ман аз он суд накардам ки сухан нишнидам