эй сабои дарди ман хаста ба дармон бирасон
Яъне аз ман бустони ҷон ва ба ҷонон бирасон
Номаи зарра ба хуршеди ҷаҳони оро бар
Тӯҳфаи мӯр ба даргоҳ сулаймон бирасон
Узр кам хидматии банда ба мавло кун арз
Остони бӯсии дарвеш ба султон бирасон
Шарҳи афтодагии ман чу шунидӣ бархез
Дар хироми ой ва ба он сарв хиромон бирасон
Сар ба сари қиссаи аҳволам агар гӯш кунад
Зуди баргард ва ба ман мужда эҳсон бирасон
Варна биншин ва ба қонӯни шафоати пешаш
Нома оғоз куну қисса ба поён бирасон
Номагар кор ба ҷоӣӣ нарасонад зинҳор
Ту ба фарёди рас ӯро ва ба афғон бирасон
Аз паии равшании дидаи аҳбоби онҷо
Буии пероҳанӣ аз Миср ба канъон бирасон
Муҳташами боз ба унвони вафо машҳур аст
Қисса кӯтоҳ куну нома ба унвон бирасон