эй хаданги мижаи ?ути уқдаи гушои дили ман

Ҳал шуда аз ту ба як чашм задани мушкили ман

Хӯни ман резад агар он гули раъно бар хок

Ндмди ҷузи гули як рангӣ ӯ аз гули ман

Шодам аз бе касе худ ки агар кушта шавам

Накунад каси талаби хӯни ман аз қотили ман

Он чунон танги дилам аз ғами он танги даҳон

Ки ғамаш низ ба танг омадааст аз дили ман

Сари ман бар сари он кӯ фикан аз тан ки фитад

Гоҳ ва бе гоҳи гузори ту ба сари манзили ман

Дошт дар куштани ман теғи ту таъҷил вале

Зуд омад ба сари ин давлати мстъҷли ман

Муҳташам чун ба сухан нест маи ман моил

Чаҳ шавад ҳосил азин гуфта бе ҳосили ман