Ба дӯстӣ худам мекашӣ ки рой манаст ин
Ба хеш душманӣ кардаам сазоӣ манаст ин
Гудохтам зи ҷафо то вафо ба аҳд ту кардам
Балии натиҷаи аҳди туу вафоӣ манаст ин
Ба қавл муддаӣам мекашӣу нестии огаҳ
Ки дар ғамӣ ки манам айни муддаоӣ манаст ин
Вафои нигар ки дами қатли ман зи хайли сагонаш
Яке накард шафоат ки ошноӣ манаст ин
Аҷаб набошад агар пои кашами зи маснади қурбат
Ту офтобӣ ва ман зарраам чаҳ ҷой манаст ин
Дилам ки гашта з бе ғайритии муқӣм дар он кӯ
Аз он мақом баронаш ки беризоӣ манаст ин
Агар зи ғами барраии муҳташами дучор ту гардад
Бигӯ каминаи ғуломи гурези пой манаст ин