Ин талъату рухсор ки дорад ки ту дорӣ
Ин қомату рафтор ки дорад ки ту дорӣ
Лаби шаҳду ҳадисат шукраст эй гули хандон
Ин шаҳри шкрбор ки дорад ки ту дорӣ
Чашми ту ба як чашм задани хӯн дилам хӯрд
Ин наргиси хӯни хор ки дорад ки ту дорӣ
эй дар тан ҳар гулбунӣ аз ршги ту сад хор
Ин гулбун бехор ки дорад ки ту дорӣ
Қаҳри ту ба ағёр ба аз лутфи ту бо мост
Ин лутф ба ағёр ки дорад ки ту дорӣ
Пайваста кунӣ нисбатам эй гул ба рақибон
Зини гӯнаи марои хор ки дорад ки ту дорӣ
Дории ҳамаи дами муҳташами озори дил аз ёр
Ин ёри дили озор ки дорад ки ту дорӣ