Аз баҳри ҳасрат доданам ҳар лаҳзаи манишин бо касе

Авқоти худ зойеъ макун бар рағм чун ман нокасе

Аз шӯхят бар қатл худ дорам гумон аммо куҷо

Пурвои ин нокас кунад мисли ту бепарво касе

Иқболу идборами нигари комшб ба роҳии ин писар

Танҳо дучорами гашт ва ман ҳамроҳ будам бо касе

Бо ғайр агар умрӣ буд пайдо нагардад ҳеҷ кас

Як дам ба ман чун бархӯрд дар дам шавад пайдо касе

Бо он ки хори ғайритем дар по буд аз паии дувум

Дар роҳ чун ҳамраҳ шавад бо он гули раъно касе

Сар дар хатари тан дар ънои дил дар гарави ҷон дар бало

Фикри саломат чун кунад бо ин маломатҳо касе

Дории з шайдо гаштагон расвои басӣ дар дашти ғам

Дар слги эшон муҳташами расвотар аз расво касе