Рӯ эй сабо бар он сарви длстон ки ту доне

Замин ба бӯс ки миннат дар он замон ки ту доне

Чу шарҳи ҳоли ту пурсади зи муҳаррамон ба ишорат

Бигӯ ки қосидам аз ҷониби фалон ки ту доне

Пас аз ниёз ба ӯ арз кун чунонкӣ наранҷад

Ҳикоятии зи забонам ба он забон ки ту доне

Агар ба хандаи лаби комбхш худ накушояд

Азу ба гиряу зорӣ талаб кун он ки ту доне

Вагар ба абрӯии парчин гиреҳ занад ба киришма

Гиреҳи гшоӣии азин кор кун чунон ки ту доне

Нишони ханда чу пайдо буд аз он лаби нӯшин

Ҳамон ба хоҳ ки гуфтем ба он лисон ки ту доне

Ба ҷузи сабо ки баради муҳташами чунин ғазалӣ ро

Далери ҷониби он сарви нуктаи дон ки ту доне