Нахли қад хам гашта ки парвардаи дардаст

Бориши дили пурхӯну гулаш чеҳра зардаст

Садсолаи висоли ту маро мерасад эй моҳ

Гар марҳам ҳар хаста ба андоза дард аст

Хок ки зи ҷавлони самандат шудаи барбод

Кони зулфи мушавваш дигар олӯда гирд аст

Дил каз хираду сабру сукӯни соҳиб хайл аст

Аз тафриқаи ишқи ту фардаст ки фар дост

Мансӯх кун ҳасан длором Зулайхост

Ишқи ту ки ороми рубои зан ва мард аст

эй дили ҳазар аз бодияи ишқ ки чун бод

Саргашта дар он ноҳияи сад бодия гирд аст

эй муҳташами он шамъ батонро чаҳ тафовут

Гар ашк ту гармаст вагар оҳи ту сард аст