Рахт ки сӯрати сунъи ошкор аз он пайдост
Нишони диққати сӯратнигор аз он пайдост
Қадат ки бар сифаташ нест ҳеҷ каси қодир
Камони қудрати парвардгор аз он пайдост
Сарат ки гарм май лутф буд дӯши имрӯз
Гаронии ҳаракоти хумор аз он пайдост
Ба зери домани ҳасанат наҳуфтааст ҳануз
Хаттӣ ки гирди гулати сад баҳор аз он пайдост
Камони сахт кашаст абрӯят вале кашишӣ
Ба ҷониби ҳама беихтиёр аз он пайдост
Киришмасозӣ аз он чашмро чаҳ ном кунам
Ки ишваҳои ниҳони сад ҳазор аз он пайдост
з бе қарории зулфати ҷуз ин наме гӯям
Ки ҳоли муҳташам беқарор аз он пайдост