Оҳӯии чашм батон чашми туро нахҷӣр аст

Чашми сайди афкани ту оҳӯии оҳӯ гир аст

Карда тири нигаҳатро сабки оҳанг ба ҷон

Сафи мижгони дарозат ки пари он тир аст

Рутбаи ишқи рақиб аз нигаҳаш ёфта Эй

Ки зи назора ӯ ранги ту бетағйир аст

То хатат ёфта таҳрири рухи содаи рухон

Пеши рухсор ту хаттӣаст ки бетаҳрир аст

Карда сад кори фузун дар дили ту нолаи ман

Чаҳ кунад он чаҳ накардаст ҳамин таъси аст

Дар муҳимоти асирон ки ба ҷон дар гараванд

Он чаҳ тақсир маро нест туро тақсир аст

Муҳташам кард суроғи дил азон силсилаи мӯ

Гуфт девонагӣ карда ва дар занҷир аст