Мирзои ҷонӣ ба як он сарви сарои бустони лутф

Аз ҷаҳон чун хайма зад бар тарафи анҳори биҳишт

Як шабаш дар хоб дидам бо рухӣ каз акси он

Бар замин ва осмон метофт анвори биҳишт

Гуфтам эй гул чист таърихи ту ва ҷоят куҷост

Ғунча хандон гушӯд ва гуфт гулзори биҳишт