Чунин гуяд брзўиаҳ , мақдами атиббои порс , ки падари ман аз лашкарён буду модари ман аз хонаи уламои дайни зардушт буд ,у аввали неъматӣ ки эзад , таъолӣу тақаддус , бар ман тоза гардонид дӯстии падару модар буду шафқати эшон бар ҳоли ман , чунон ки аз бародарону хоҳарон мустасно шудам ва ба мазиди тарбияту тарашшӯҳи махсӯси гашт . Ва чун соли умр ба ҳафт расед марои брхўондни илми тиб тҳриз намуданд , ва чандон ки андак вуқуфӣ афтоду фазилат он бишнохтам ба рағбати содиқу ҳирси ғолиб дар тааллум он мекушедам , то бидон санъат шӯҳратӣ ёфтам ва дар маърази муъолиҷати беморони омадам . Онгоҳи нафаси хешро миёни чаҳор кор ки тгопўии аҳли дунё аз он натавонади гузашт мухайяр гардонидам : вуфӯри мол ва , лаззоти ҳол ва , зикри соир ва , савоби боқӣ . Ва пӯшида намонад ки илми тиби наздики ҳамаи хирадмандон ва дар тамомии дайнҳо сутӯдааст . Ва дар кутуб тиб овардаанд ки фозилтар атиббо онаст ки бар муъолиҷат аз ҷиҳати зхирти охирати мувозибати намояд , ки ба мулозимати ин сирати насиби дунё ҳар чаҳ комил тар биёбаду растгории уқбо мдхр гардад ; чунонкии ғарази кишоварз дар парокандани тухм дона бошад ки қӯт ӯст . Аммо коҳ ки алаф сутуронаст ба табаъи он ҳам ҳосил ояд . Дар ҷумла бар ин кори иқбол тамом кардам ва ҳар куҷои беморӣ нишон ёфтам ки дар ваии умеди сиҳҳат буд муъолиҷат ӯ бар ваҷҳи ҳасбат бар даст гирифтам .