Пое ба пои дашт навардам наме расад
Гардӣ ба гирди бодия гирдам наме расад
Ҳол маро шуниду нпрдоздм ба ҳол
Дардам ба ӯ расед ва ба дардам наме расад
Донад марӣзи хешам ва осӯда хондам
Ман дар гумони инки ба дардам наме расад
Боди хазони гулшани хешами ҷудои зи ту
Офат ба боғӣ аз дам сардам наме расад
Хӯн гарем аз ғами туу доғам ки ҳеҷ ранг
Аз ашки сурх бар рух зардам наме расад
Муштоқи дарди номаи ушшоқ хонда ам
Афсонае ба қисса дардам наме расад