Дӯш дар тарафи чамани булбулӣ афғон ме кард

Нола дар ҳалқаи мурғони хуш алҳон ме кард

Буд дар васл надонам з чаҳ рӯ ме нолид

Ғолибан ҳамчуи ман андеша ҳиҷрон ме кард

Киштемро ки Раҳонед ту кули зини баҳр

Ғарқ мешуд агар андеша тӯфон ме кард

Сарнавишташи зи азал буд ки дар чоҳ уфтад

Варна Юсуфи ҳазар аз ҳила ихвон ме кард

Ташнаи захми хаданги туам эй коши маро

Дар гулӯи қатрае аз чашма пайкон ме кард

Дард май дрдкши майкадаро мешуд соф

Ҳарчӣ мегуфтгараш пери Муғон он ме кард

Ҷазбаи каъба буд хоссаи мардони худо

Варна ҳар сусти қадами қатъ биёбон ме кард

Буд агар маст май шавқи ҳарами шиква чаро

Каъбаи рӯ аз ситами хор муғелон ме кард

Нарасад гул чу ба мурғони чамани лашкари дай

Кош меомаду тороҷ гулистон ме кард

Зери хати лаъл ту меҷуст мапиндор ки Хизр

Дар сиёҳии талаби чашма ҳайвон ме кард

Қобили ганҷи муҳаббати дил муштоқ набӯд

Варна ин хонаи зи сайли мижа вайрон ме кард