Аз дами боди сабои буи касе ме ояд

Ману фарёд ки фарёдрасӣ ме ояд

Хезад аз мо чаҳ дарин дом ки бе ёрии ишқ

Кӣ зи симурғи талош магасӣ ме ояд

Кори ушшоқи ту дар ишқ ҳамин сӯхтанаст

Чаҳ дар оташ дигар аз мушт хасӣ ме ояд

Нест дар толеъи мурғи дили мо озодӣ

Ҳар нафаси нолаи овоз қафасӣ ме ояд

Дар раҳат бехабар аз ҳоли дилам лек ба гӯш

Нола зорем аз боз пасӣ ме ояд

Дар ҳавои шукрат ба ки пурафшон нишуем

Кӣ турои раҳм ба ҳол магасӣ ме ояд

Хастаи ишқам ва хомӯш нигарадам зи фиғон

намекунам нолаи зи ман то нафасӣ ме ояд

Оварад ёрии ашкам чаҳ ба Кувайти гӯйӣ

Ки ба баҳр аз мадади сайл хасӣ ме ояд

Махӯр аз бахти сияҳи ғам ки зи даври мау меҳр

Шаб басӣ мераваду рӯз басӣ ме ояд

Дар раҳи ишқ касе нашунӯд овоз касе

Гоҳе аз даври садоӣ ҷарасӣ ме ояд

Ишқи он шоҳсўорист ки бе таҳрикаш

Кӣ дарин арса ба ҷавлон фарсӣ ме ояд

Хуш дилам метапад аз шавқ ҳамоно муштоқ

Пайкии имшаби зи сари кӯй касе ме ояд