Муждае дил ки шаби фурқати ёр охир шуд
Рӯзи торики саромади шаби тор охир шуд
Ёр аз ғайр бурид улфат ва бо мо пайваст
Буд рабтӣ ки миёни гулу хор охир шуд
Аз дами сарди хазони ончӣ ба гулшан ме рафт
Оқибат аз нафаси гарми баҳор охир шуд
Сандал дардисарам шуд май васлаши сад шукр
Меҳнати мастӣу андӯҳи хумор охир шуд
Гашти ойӣнаи сифати хоки чамани акс пазир
Ки зи сайқалгарӣ абри ғубор охир шуд
намерасад ончӣ ба мо аз ситами ҳиҷри гузашт
намекашад ончии дил аз фурқати ёр охир шуд
Аз гули он ҷавр ки бар булбул мискин ме рафт
Оқибат аз асари нолаи зор охир шуд
намекашад он ҳамаи меҳнат ки зи ҳиҷрони муштоқ
Ёраш аз меҳр чу омад ба канор охир шуд