Ид омаду кор хуш набошад

Ҷузи суҳбати ёр хуш набошад

Дар хати рухи ёр хуш набошад

Маи зери ғубор хуш набошад

ӯ бо ман зор хуш набошад

Гули ҳамдами хор хуш набошад

Ман сайди забунаму шикорам

зи он шери шикор хуш набошад

Нақди дилу дайн агар бибозӣ

Бо дӯсти қимор хуш набошад

Бар тофтани Аннани зи ушшоқ

зи он шоҳсўор хуш набошад

Он дида ки он ҳасан дарёфт

Бо нақш ванигор хуш набошад

Манъам макун аз фиғон ки ошиқ

Бе нолаи зор хуш набошад

Рафтам зи чаман ки суҳбати гул

Бо заҳмати хор хуш набошад

Муштоқи бғири ёр ман нест

Ёрӣ ки биор хуш набошад