Ҷаҳони равшани зи меҳри олами афрӯзӣ ки ман дорам
Дилии ториктар аз шаб буд рӯзӣ ки ман дорам
Биё ва аз зулол васл бинишон оташам то кӣ
Ҷигарҳо сӯзад аз оҳи ҷигарсӯзӣ ки ман дорам
зи оҳ ва нолаам сдҷону дил захмӣ машав эмин
зи теғи ҷони шикофу тири длдўзӣ ки ман дорам
зи шаби ториктар рӯзи ман ва аз рӯзи равшан тар
Шаби ағёр аз шамъи шаби афрӯзӣ ки ман дорам
зи зулфаши дил ба сад афсун гирифтам лек кӣ созад
Фаромӯши ошёни мурғи навомӯзӣ ки ман дорам
Набошад фикри ҷонҳои ғам андӯзат абас то кӣ
Ғами андӯзии кдҷони ғами андӯзӣ ки ман дорам
Барам муштоқ омад ёри ҳамроҳи рақиб аммо
Бибин фирӯзии ин бахти фирӯзӣ ки ман дорам