Баҳр пурсиданам эй мояи нози омада Эй
Бандаи ?ути ман ки аҷаби бандаи навози омада Эй
То ба гунҷишки дили мо чаҳ расад оҳ ки ту
Мижаи гӣрандатар аз чнгли бози омада Эй
Сарви ман ӣнқадари ин саркашӣу ноз чаро
Гар ба дилҷӯеи арбоби ниёзи омада Эй
Чаҳ ба ҷо аз ман ғорат зада мондааст ки ту
Рафтау дайну дилами бардау бози омада Эй
Чаҳ ғам аз аҷзу ниёзи миннат эй сарви равон
Ки зи сар то ба қадами ишвау нози омада Эй
Ошкоро нашавад чун зи дилами сари ғамат
Ки дарин хона ба ҷосӯсии рози омада Эй
Нарасад офати гулчин ба ту эй гулбуни ноз
Ки зи хӯбии ҳамаи баргу ҳамаи сози омада Эй
Бинадатгар ба барам ғайр ба хӯн чун натапад
Ки аҷаби хасми кашу дӯсти навози омада Эй
Зотш ишқ сазад лофи хулӯсати муштоқ
Ту ки дар бутаи меҳнат ба гудози омада Эй