Барҷои дил ва ӯ муқобили мо

Гирди сари тоқати дили мо

Ҳасрат бар ӯст ончӣ киштем

Гӯ барқ бисӯз ҳосили мо

Ҷуз ӯ ки кушояди ончӣ ӯ баст

Осон машумор мушкили мо

Нанамудаи ҷамоли хӯни мо рехт

Оҳ аз дили санги қотили мо

Саргаштаи равон кӯй ишқем

Зинҳор мапурс манзили мо

Аз шавқи ҳарами з хеш рафтем

Раст аз ғами ноқаи маҳмили мо

Бозо ки зи гиря бе ту нагузошт

Мижгонтар об дар гули мо

Муштоқи зи ишқи манъи мо бас

То чанд шиканҷаи дили мо