Ба поят дӯш меафтод гоҳе рост гоҳе каҷ

Магари зулфи ту буд аз бод гоҳе рост гоҳе каҷ

Чамад аз оҳами он срўсҳии боло ки ме гирад

Ба таҳрики сабои шамшод гоҳе рост гоҳе каҷ

Набошад зи оташи оҳаши аҷаб дар кандан хоро

Ки гардад тешаи Фарҳод гоҳе рост гоҳе каҷ

Агар бошад вуқуф аз неку бади меъмори гардун ро

Гузорад пас чаро бунёд гоҳе рост гоҳе каҷ

Чамади муштоқи он шохи гул ва аз шавқ ӯ ҳар дам

Барояд аз лабами фарёд гоҳе рост гоҳе каҷ