Доне ки ёри ҳоҷати мо кӣ раво кунад

Чун теғро ба гардани мо ошно кунад

Дай дод пери майкадаи фатво ки лозим аст

Беишқ ҳарки карда намозӣ қазо кунад

эй пайки кӯии ёр ба сайёд мо бигӯӣ

Баҳри худои марои бикашад ё раҳо кунад

Моро чу қибла абрӯӣ ёраст дар намоз

Бояд эмоми шаҳр ба мо иқтидо кунад

Мо лутфу қаҳрро ҳама омодаем , лек

То табъи ёри зини ду кадом иқтизо кунад

Ринди хароб тай кунад ин роҳи пурхатар

То шайхи фикри кафшу Асо ва радо кунад

Муфтӣ бихӯрад хӯни ятемони шаҳру боз

Бечораи нола аз камӣ иштиҳо кунад

Матлаб бараст чунки сафойии ризои дӯст

Хоҳад ҷафои намояд ва хоҳад вафо кунад